ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҳамкории БРИКС ва ИИАО нуфузи аъзои онҳоро тақвият хоҳад дод.
"Русия дар ин иттиҳодияҳо нақши калидӣ дорад ва мекӯшад, ки онҳоро барои тавсеаи бештари имконоти сиёсӣ муттаҳид созад", - гуфт сиёсатшиноси Тайланд Ҷирапорн Руамфонгфатхана.
Ин иқдом инчунин ба таъсиси долонҳои нави иқтисодӣ ва шабакаҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад, илова намуд ӯ дар суҳбат бо ТАСС.
Ин иқдом инчунин ба таъсиси долонҳои нави иқтисодӣ ва шабакаҳои нақлиётӣ мусоидат мекунад, илова намуд ӯ дар суҳбат бо ТАСС.
Қаблан вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки додугирифти мол миёни кишварҳои ИИАО ва БРИКС босуръат идома дорад.
"Мубодилоти мол миёни ду ҷониб дар соли 2023 аз 359 млрд доллар гузашт, ки нисбат ба соли 2022 ҳудуди 26% зиёд аст. Иттиҳодия махсусан тиҷорат бо Чин, Ҳиндустон ва Эронро таҳким бахшидаст",- гуфт Сергей Лавров.
Ӯ афзуд, ки муттаҳидони Русия дар СПАД ва ИИАО аз наздикшавӣ бо БРИКС манфиат хоҳанд бурд
Ба гуфтаи вазири умури хориҷа, шарт нест ба иттиҳодия пайваст шуд, аз тариқи ҳамкорӣ дар тарҳҳои мухталиф низ имтиёз ба даст овардан мумкин аст, ки ин ба манфиати ҳамаи мост", - афзуд ӯ.