Шолтс: Украина наметавонад узви НАТО бошад

Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дар мусоҳиба бо телевизиони ZDF гуфт, ҳоло дар мавриди узвияти Украина дар НАТО тасмими нав қабул кардан лозим нест, зеро кишваре дар ҳолати ҷангӣ наметавонад узви ин паймон шавад.
Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
"Мо дар Вашингтон ва Вилнюс тасмим гирифтем ва дурнамоҳоро тавсиф кардем. Ман боварӣ дорам, ки дар ҳоли ҳозир зарурати қабули тасмими нав нест", - гуфт Шолс.
Вай афзуд, ки ҳоло сухан бештар дар бораи "муҳокимаи масъалаи кафолати амният дар вазъияти баъд аз ҷанг" меравад.
Қаблан, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар саҳифи “Телеграмм”-и худ навишта буд, ки Русия бояд тамоми корро анҷом диҳад, то роҳи Киев ба сӯи НАТО ё бо аз байн рафтани Украина ё худи паймони Атлантикаи Шимолӣ хотима ёбад.
"Мо бояд ҳама корро кунем, то "роҳи бебозгашт"-и Украина ба сӯи НАТО ё бо аз байн рафтани Украина ё НАТО ё беҳтараш ҳарду, сурат бигирад", - изҳор дошта буд Медведев.