Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кард

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва вилояти Хатлон имсол якум шуда нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиши Тоҷикистонро 100% иҷро кард.
Дар ин бора Telegram-канали марбут ба шаҳрдории пойтахт хабар дод ва афзуд, ки Душанбе имсол пеш аз муҳлат нақшаро пурра иҷро кард.
Қаблан ин манбаъ иттилоъ дод, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ 400 нафар ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.
Зимнан, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва вилояти Хатлон имсол якум шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро карданд.
Баъд аз Рашту ВМКБ вилояти Хатлон низ нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро кард
Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то охири ноябр давом хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба: даъвати баҳорӣ ва тирмоҳии ҷавонон ба сафи артиш сурат мегирад.
Соли ҷорӣ дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.