Путин даъват кард, ки сохтори СММ ба воқеиятҳои муосир мутобиқ карда шавад

Ба таъкиди президенти Россия, созмон бояд дар пойдор гардондани сулҳу оромӣ, инчунин таъмини рушди ҳамаҷонибаи ҷамъиятии ҷаҳон нақши вижа бозад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Раҳбари Русия Владимир Путин аз зарурати мутобиқ кардани сохтори СММ ба воқеияти муосир, густариши ҳузури кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар Шӯрои Амният ва дигар ниҳодҳо изҳор дошт.
Вай дар ин бора дар ҷаласаи пленарӣ дар формати "аутрич"/"БРИКС плюс", ки дар Қазон баргузор мешавад, изҳороти дахлдор кард.
"Мо барои фаъолияти минбаъдаи самарабахши Созмони Милали Муттаҳид мутобиқ кардани сохтори он ба воқеияти асри XXI, васеъ намудани намояндагӣ дар Шӯрои Амният ва дигар мақомоти асосии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ, аз ҷумла онҳое, ки раҳбаронашон дар ин толор ҳастанд, зарур мешуморем",- гуфт президенти Русия.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки зарурати ислоҳот дар ниҳодҳои рушди ташкилӣ ва сохторҳои молиявии ҷаҳонӣ кайҳост пӯхта расидааст.
Дар ҳамин ҳол, таъкид кард Путин, СММ пазируфта шудааст, ки дар ҳифзи сулҳ мавқеи пешсафро ишғол намояд.
"Созмони ҷаҳонӣ бояд минбаъд низ дар ҳифзи сулҳу амният ва мусоидат ба рушди устувор ва пешрафта нақши марказӣ бозад",- гуфт ӯ.
Рӯзи сеюми нишасти XVI сарони БРИКС дар Қазон – пахши мустақим
Нишасти сарони БРИКС рӯзи 22 октябр дар Қазон оғоз шуда, 24 октябр ба поён мерасад. Имсол раисии ин иттиҳодияро Русия бар eҳда дорад.
Шиори саммити БРИКС дар Қазон “Тақвияти бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ” аст.
БРИКС қаблан Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Русия ва Африқои Ҷанубиро дар бар мегирифт. Сар аз 1 январи соли равон Миср, Эрон, АМА, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия ба ин иттиҳодия шомил шуданд.