ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ҷунбиши фаластинии Ҳамос аз Русия дар остонаи мулоқоти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Маҳмуд Аббос, раҳбари маъмурияти худмухтори Фаластин дар Қазон хостааст, ӯро ба музокира бо Ҳамос дар мавриди таъсиси ҳукумати миллӣ дар Фаластин ташвиқ кунад.
Дар ин бора муовини Ҷиноҳи Сиёсии ҳаракати Фаластин Мусо Абу Марзуқ ба РИА "Новости" хабар дод.
Як рӯз пеш Марзук дар Маскав бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Богданов мулоқот кард.
Қарор аст мулоқоти Путин ва Аббос рӯзи панҷшанбе дар Қазон дар ҳошияи нишасти БРИКС баргузор шавад.
Ӯ афзуд, ки дар дидор бо намояндаи Русия масъалаҳои марбут ба ваҳдати миллии Фаластин ва таъсиси ҳукуматеро баррасӣ карданд, ки пас аз ҷанг бояд навори Ғаззаро идора кунад.
Ҳамчунин нуктаи назари худро оид ба ин масъала ва нақши Русия дар он шарҳ додаанд.
"Аббос бояд дар нишасти БРИКС дар Қазон ширкат кунад ва дар онҷо бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мулоқот мекунад. Мо хоҳиши худро баён кардем, ки ҷониби Русия бо Аббос гуфтугӯ ва ӯро ташвиқ кунад, то музокиротро оғоз кунад, то дар ин замина ба натиҷае ноил гардем", - шарҳ дод Марзуқ.