Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Сарбозони таслимшудаи украинӣ гуфтанд, намехоҳанд барои манофеи Зеленский ва ИМА бимиранд

Сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ки бо силоҳҳои НАТО таслим шуданд, гуфтанд, ки намехоҳанд барои Иёлоти Муттаҳида бимиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Сарбозони украинӣ, ки дар самти Харков таслим шуданд, эътироф карданд, ки намехоҳанд барои Зеленский ва манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида бимиранд, хабар дод РИА Новости бо истинод ба як намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия.
"Аскарҳои таслим шуданд, гуфтанд, ки намехоҳанд ба хотири Зеленский ва манофеи ИМА бимиранд ва аз ин рӯ тасмим гирифтанд, ки силоҳҳои худро ба замин гузоранд", - гуфт ӯ.
Ман6аъ афзуд, онҳое, ки таслим шуданд, низомиёни бригадаи 63-уми ҷудогонаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина будаанд. Онҳо бо худ намунаҳои либоси низомӣ, лавозимоти ҷангӣ ва аслиҳаеро, ки кишварҳои НАТО истеҳсол кардаанд, доштанд.
Гуфта мешаад, сарбозони украинӣ аз варақаҳои дастурие, ки дар қаламрави таҳти контроли Киев гузошта шудаанд, дар бораи технологияи таслим шудан дар хатти ҷабҳа дастурҳои муфассал гирифтаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия минтақаи дигар дар Луганскро озод кард - видео
Мувофики маълумоти вазорати мудофиа, дар зарфи 24 соати гузашта низомиёни бригадаи "Ғарб" деҳаи Новосадовскоеи ҶМЛ-ро озод карда, отрядҳои се бригадаи украиниро дар ҶМЛ ва вилояти Харков хунсо намуда аз ҳамлаи ҷавобӣ пешгирӣ карданд.
Дар ин амалиёт беш аз 470 низомӣ куштаву захмӣ ва 13 техника корношоям гардид. Илова бар ин се анбори лавозимоти ҷангӣ низ нобуд карда шуд.