ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба Русия рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, Эмомалӣ раҳмон дар нишасти сарони БРИКС иштирок мекунад.
Дар авоили моҳи октябр Раҳмон барои нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти раёсати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Маскав омад.
Нишасти сарони БРИКС рӯзи 22 октябр дар Қазон оғоз шуд ва он се рӯз идома хоҳад кард.
Дар ин ҷо 36 ҳайати кишварҳо ва шаш созмони байналмилалӣ ҷамъ меоянд, ки 22-тои онҳо дар сатҳи олӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки БРИКС қаблан Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Русия ва Африқои Ҷанубиро дар бар мегирифт. Аз 1 январи соли равон Миср, Эрон, АМА, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия ба ин иттиҳодия шомил шуданд.
Соли ҷорӣ БРИКС таҳти раёсати Русия қарор дорад.