ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Иштирокчиёни нишасти БРИКС эъломияи ниҳоиро қабул карданд, гуфт Владимир Путин дар нишасти васеъ.
"Эъломияи ниҳоӣ омода шудааст, ки дар он арзёбии умумии вазъи ҷаҳон, ҷамъбасти натоиҷи раёсати Русия дар БРИКС ва дастурҳои ҳамкориҳои дарозмуддат пешбинӣ шудааст", - гуфт раҳбари Русия.
Вай тавзеҳ дод, ки эъломия ба унвони як санади муштарак дар Созмони Милали Муттаҳид паҳн мешавад.
Нишасти БРИКС дар Қазон бо ҳузури намояндагони 36 кишвар ва шаш созмони байналмилалӣ рӯзи 22 октябр оғоз ёфт ва то 24 октябр давом мекунад.
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст.
Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад.
Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.