Раҳмон президенти тозатаъйини Индонезияро табрик кард

Президенти дар паёми шодбошии худ аз таҳкими равобит бо ин кишвар дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн зикр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат унвонии президенти тозаинтихоби Индонезия номаи шодбошӣ фиристод.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Индонезия, Прабово Субианторо барои интихоб шудан ба ин мақом сидқан муборакбод намуда.
"Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба мақоми президенти Ҷумҳурии Индонезия ва оғози расмии фаъолиятатон дар ин маснади олӣ сидқан табрику таҳният мегӯям", - омадааст дар мактуби президент.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ба дурнамои робитаҳои байни кишварҳо назари нек дорад ва изҳори омодагӣ кард, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн саъй хоҳад намуд.
Президент инчунин қайд кард, ки мулоқотҳои ояндаи онҳо як қадами устувор дар самти баҳрабардории бештар аз имкониятҳои фарохи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия хоҳанд шуд.
Дар фарҷом Раҳмон ба ҳамтои индонезии худ саломатиё комёбӣ ва ба мардумони он кишвар сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии рӯзафзун таманно кард.