ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои узви БРИКС дар нишасти Қазон бояд тасмимҳои муҳимеро барои тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия қабул кунанд.
Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар мулоқот бо Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд изҳор дошт.
Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар мулоқот бо Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд изҳор дошт.
"Дар Қазон мо бояд як қатор қарорҳои муҳимеро қабул кунем, ки ба беҳбуди минбаъдаи фаъолияти иттиҳодия ва таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи он нигаронида шудаанд", - гуфт Путин.
Нишасти БРИКС бо ширкати сарони давлатҳо аз 22 то 24 октябр дар Қазон баргузор мешавад.
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст.
Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.
Раёсати БРИКС-и Русия таҳти шиори таҳкими бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ баргузор мешавад.