Русия интизор дорад, ки кишварҳои ИИАО аз наздикшавӣ бо БРИКС манфиат мебинанд

Ба гуфтаи Лавров Ҳамроҳ шудан шарт нест, аммо дар татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ҳамкорӣ кардан шубҳае нест ва он ба манофеи ҳама созгор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Маскав интизор дорад, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манфиатҳои наздикшавӣ бо БРИКС-ро мебинанд.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт.
Қаблан мушовир ва котиби матбуотии президенти Қазоқистон Берик Уалӣ гуфта буд, ки Остона аз пешниҳоди ариза ба БРИКС барои ояндаи наздик, аз ҷумла бо назардошти раванди чандмарҳалаи баррасии масъалаи узвият худдорӣ мекунад, хабар медиҳад портали Tengrinews.
ВКХ Русия: БРИКС иттифоқи низомӣ нахоҳад шуд
"Ба назари ман, дар ниҳоят ҳамсояҳои ҷанубии мо, иттифоқчиён дар СПАД, дар ИИАО, пеш аз ҳама, аз наздик шудан бо БРИКС манфиатҳои мустақим хоҳанд дид. Ҳамроҳ шудан шарт нест, аммо дар татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ҳамкорӣ кардан шубҳае нест. Ин ба манфиати ҳамаи мост”,-гуфт Лавров дар навбати худ дар мусоҳиба бо сомонаи АИФ.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Қазоқистон узви бисёр созмонҳо - САҲА, ИДМ, СПАД, СҲШ мебошад.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қаблан изҳор дошт, ки Маскав ба мавқеи Қазоқистон дар бораи БРИКС эҳтиром мегузорад, онҳо дар бораи формати ширкат дар созмонҳои гуногун мустақилона тасмим мегиранд.