Чун анъана дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии Душанбе дар баробари иди Меҳргон инчунин Иди себу ангур, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Фестивали "Оши палов" доир шуд.
Дар ҷашнвораҳо намояндагони дохилию хориҷӣ иштирок намуда, кишоварзон маҳсулоташонро ба намоиш гузоштаанд. Инчунин барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон амалӣ мешавад.