Дар Тоҷикистон вуруди ширкатҳои содироткунанда ба Wildberries-ро баррасӣ карданд

Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Ширкатҳои содироткунандаи Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ дар доираи барномаи "Wildberries" роҳ меёбанд.
Ин масъаларо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндаи ширкати "Wildberries" дар Тоҷикистон Айна Керимова зимни як дидор баррасӣ кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот Директор оид ба рушди ҳамкории байналмилалии ин ширкат Рафаэл Абрамян ва Директори генералии Wildberries дар Тоҷикистон Леван Кочой ба тариқи маҷозӣ пайваст шуда, нақшаҳо ва қадамҳои минбаъдаро муҳокима намуданд.
"Ҳамзамон дар вохӯрӣ ҷонибҳо таҳияи Нақшаи амали WILDBERRIES дар Тоҷикистон барои 6 моҳи соли 2025, инчунин баргузории машварату ҳамоиш ва форумҳои тиҷоратиро баррасӣ намуданд",- афзудааст манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки дар мавриди роҳёбии бузургтарин фурушгоҳи онлайнии Русия дар Тоҷикистон ахиран зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии кишварҳо дар Душанбе Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Қаблан раҳбари ҶДММ "РВБ" (ширкати муттаҳидаи Wildberries and Russ) Татьяна Ким зимни сафараш ба Душанбе баён дошт, ки Wildberries барои ворид шудан ба бозори кишварҳое, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нестанд, омодагӣ мегирад.
"Фикр мекунам, ки [вуруди Wildberries ба Тоҷикистон] мисли Узбакистон хоҳад буд, ки мо аллакай таҷриба дорем, ҳоло мо барои ворид шудан ба кишварҳои дигар, ки дар ИИАО нестанд, омодагӣ мебинем, аз ин рӯ, мо харитаи масири таҳияшуда дорем," - гуфт вай.
Раҳбари Wildberries дар бораи замони вуруд ба бозори Тоҷикистон изҳори назар кард
Ҳамзамон Ким гуфтааст, ки мехо ҳад Wildberries ба бозори Тоҷикистон "ҳарчи зудтар" ворид шавад.
"Бартарии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он аст, ки онҳо рамзи миллии беназир доранд ва ин ҳама хеле бозоргир аст", - қайд кард асосгузори фурӯшгоҳи онлайнӣ.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир нотакрори маҳсулот ва мансубияти этникӣ яке аз тамоюлҳои истеъмолӣ аст, ки ҳоло аз ҷониби кишварҳои Осиё муқаррар карда мешавад.