ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Рӯзноманигор ва нависандаи номвари тоҷик Мирзо Шукурзода дар сини 75 солагӣ аз олам даргузашт.
Хабари даргузашти нависандаро, яке аз шогирдонаш Нуъмон Раҷабзода ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Бино ба гуфти манбаъ, Шукурзода чанд рӯзи охир дар Хуҷанд аз қанд муолиҷа мегирифт ва шоми 18 октябр ба раҳмати Ҳақ пайваст.
“Имрӯз дар маҳаллаи Сомониёни деҳоти Мастчоҳ маросими видоъ бо Мирзо Шакурзода баргузор гардид ва ҷанозаи адиб дар қабристони ҳамин маҳалла ба хок супурда шуд” – гуфт, Раҷабзода.
Ба Мирзо Шукурзода, тобистони имсол унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дода шуд. Ӯ ҳамзамон, дорои унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Марҳум 1 сентябри соли 1949 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шуда, хатмкарда бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аст.
Давоми солҳои фаъолияти адабияш ин муқаққиқи фаррохназар бо нашри даҳҳо очерку ҳикоя ва асарҳои таҳқиқотӣ аз ҷумлаи "Ҷонпайванд", "Тоҷикон дар қаламрави Ориёно", "Размоварони ҳиндукуш", "Кимёгари дурри дарё", "Арҷномаи Мирзо Аҳмадзода", "Офтоб дар оина", "Фарёди фоҷиаи Афғонистон", "Тоҷикон дар масири таърих", "Ҳамосаи родмардони Хуросон", "Себи Самарқанд" дар хазинаи фарҳанги миллии тоҷикон саҳми шоиста гузоштааст.
Нахустин очерки ҳуҷҷатияш "Баҳодури Дилварзин" соли 1976 ва китоби очерку мақолаҳояш "Ситораҳои рахшанда" соли 1986, маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои мусаннадаш "Теғи ҷонбахш" соли 1989 дар нашриёти "Адиб" интишор ёфтаанд.
Дувоздаҳ сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992—2004) ва Афғонистон (1985—1977) фаъолият намудааст. Мавсуф дар ин давра ва баъди он худфарсоёна заҳмат кашида, ба алифбои ниёкон ва кирилӣ дар Кобул ва Теҳрону Душанбе ва Пешовари Покистон 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ ба чоп расондааст.
Мавсуф дар тарҷума ва баргардон низ маҳорати воло дошт ва аз ин хотир асарҳои "Наводири Зиёия"-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1997), эпоси қирғизии "Манас" (1977), баргузидаи ашъори устод Лоиқ "Рӯҳи Рахш" (1999), маҷмӯаҳои "Ашки тӯфон" (1994) ва "Гулчини ашъор"-и хонум Гулрухсор (2001), рисолаҳои "Ғарбзадагӣ"-и Ҷалоли Оли Аҳмад (2008), "Қуръон ва табиат"-и Муртазо Мутақаррӣ (1996, 2014), "Масъалаи ҳиҷоб"-и ҳамин муаллиф (1998) дар баргардону таҳияи ӯ дастраси тоҷикону эрониён гардонида шудаанд.
Барои "Донишномаи адаби форсӣ" (Теҳрон, 1996) беш аз 500 мақола навиштааст. Дар соли 2014 таълифи романеро таҳти унвони "Тӯфони тавсан" ба поён расонд, ки бобҳое аз ин роман дар моҳномаи "Садои Шарқ" (№ 11) интишор ёфт.
Навиштаҳои Мирзо Шукурзодаро хонандагону донишмандони тоҷик ва мамолики форсизабон самимона пазироӣ карда, баҳои баландашон додаанд.