Исроил эълон кард, ки раҳбари ҲАМОС Яҳё Синвор кушта шуд

Мақомоти Исроил раҳбари ҲАМОС -ро созмондиҳанда ва илҳомбахши аслии ҳамла ба Исроил дар 7 октябри соли 2023 медонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Артиши Исроил раҳбари ҲАМОС Яҳё Синворро аз байн бурданд, хабар медиҳад ширкати давлатии телевизион ва радиои Кan бо такя ба як манбаъ, хабар медиҳад РИА Новости.

"Як манбаи амниятӣ гуфт, ки Яҳё Синвор-раҳбари ҲАМОС кушта шудааст", - омадааст дар изҳорот.

Тавре хадамоти матбуотии Нерӯҳои дифои Исроил гуфт, низомиён маълумотро тафтиш мекунанд, ки оё раҳбари ҲАМОС дар миёни гурӯҳи радикалҳои фаластинӣ буд, ки дар ҷараёни яке аз амалиёти ахир дар навори Ғазза маҳв шудаанд.
Аксҳо аз оқибати ҳамлаи навбатии Исроил ба Лубнон
Гуфта мешавад, ки нерӯҳои ҳавоӣ ба даҳҳо ҷангҷӯи ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломӣ, ки ба гуфтаи низомиён дар як бинои мактаб дар шимоли ин анклав қарор доштанд, ҳамла кард.
Пулиси Исроил гуфт, ки ҷасади Синвар тавассути сканҳои дандонпизишкӣ ва изи ангуштон шиносоӣ шудааст. Исроил намунаи ДНК-и Синворро дорад, зеро ӯ дар зиндони маҳаллӣ буд.
Мақомоти давлати яҳудӣ раҳбари ҲАМОС-ро созмондиҳанда ва илҳомбахши аслии ҳамла ба Исроил дар 7 октябри соли 2023 медонанд. Он замон тақрибан 1,2 ҳазор нафар кушта, беш аз 200 нафар гаравгон гирифта шуданд.