ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Қарор аст чархаи навбатии ин нерӯгоҳ то поёни соли ҷорӣ ба кор андохта шавад, иттилоъ дод, директори НБО “Қайроққум”, Файзулло Авезов ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар сурати фаъолшавии ин чарха ҳаҷми тавлидоти барқ 29 мегавати дигар зиёд хоҳад шуд.
"Ҳоло аз ҳисоби се агрегати таҷдидшуда 87 мегават барқ истеҳсол шудаистодааст, ки қариб 60% -и иқтидори қаблии шаш агрегати нерӯгоҳро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ба корандозии чархаи чорум ҳаҷми тавлиди барқ боз ҳам бештар ва ба 116 мегават баробар хоҳад шуд” – таъкид кард, директори НБО “Қайроққум”.
Авезов гуфт, ки ба ин тартиб то соли 2025 ҳамаи шаш чархаҳои ин нерӯгоҳ пурра таҷдид шуда, иқтидори истеҳсолии ҳаркадоми онҳо аз 21 ба 29 мегаватӣ ба кор андохта хоҳанд шуд.
Нерӯгоҳи оби барқии “Қайроққум” аз 6 чархаи иборат буда, соли 1956 дар замони Шӯравӣ ба кор андохта шуд. Корҳои таҷдидкунии ин нерӯгоҳ дар соли 2020 шурӯъ шуд, аммо хуруҷи ҳамагири COVID – 19 монеъи саривақт иҷро шудани корҳои таъмиру таҷдидкунӣ дар ин нерӯгоҳ гардид.
Ин нерӯгоҳ баъд аз “Норак”, “Роғун”, “Сарбанд” аз шумори манбаъҳои муҳими барқтавлидкунӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Барқи дар ин нерӯгоҳ тавлидшуда ба системаи ягонаи барқрасонии шимоли Тоҷикистон пайваст шуда, он ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд интиқол дода мешавад.
Бино ба гуфти директори НБО “Қайроққум” ҳоло захиракунии об барои кори мунтазами ин нерӯгоҳ дар обанбори “Баҳри Тоҷик” идома дорад. Мавсими захиракунии об дар обанбори НБО “Қайроққум” (Баҳри тоҷик) то поёни сол давом карда ва ҳаҷми об ба беш аз 3 милрд куб расонида хоҳад шуд.
Оби дар ин ҷо захирашуда барои тавлодоти мунтазами барқ ва баҳорон барои интиқол дода ба заминҳои кишоварзии кишварҳои поёноби Ӯзбекистон ва Қазоқистон пешбинӣ мешавад.
Дар фасли сармо дар навоҳии Тоҷикистон бинобар дуруст амал накардани манбаъҳои алтернативии гармидиҳӣ талабот ба истифодаи нерӯи барқ меафзояд.
Ширкати “Барқи Тоҷик” ахиран аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии кишвар эълон кард, ки шурӯъ аз 22 сентябри соли ҷорӣ барқрасонӣ маҳдуд карда мешавад. Ин ниҳод ин вазъро ба вазъи боду ҳаво фасли сармо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ шарҳ додааст.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳҳои сентябр соли 2023 дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ оғоз ёфту дар моҳи марти соли ҷорӣ маҳдудият барқрасонӣ сартосарӣ шуд. Дар моҳи апрели соли гузашта “лимит” и барқрасонӣ дар Тоҷикистон лағв шуд.