Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО 4,5% афзуд

Кишварҳои ИИАО афзоиши бештарро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, таъминоти барқ, газ, буғ ва кондитсионер нишон доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) истеҳсоли маҳсулоти саноат афзуд.

Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ИИАО 104,5% нисбат ба сатҳи моҳҳои январ-августи соли 2023-ро ташкил дод.
Тавре аз Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) хабар доданд, афзоиши ин бахши иқтисод дар ҳамаи кишварҳои иттиҳодия мушоҳида шудааст:

дар Арманистон — 13,7%;
дар Беларус — 7,1%;
дар Русия - 4,5%;
дар Қазоқистон — 3%;
дар Қирғизистон — 0,7%

Дар ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои ИИАО 7,9% афзуд. Дар таъмини энергияи барқ, газ, буғ ва кондитсионер — 3,8% зиёдтар шуд.
Бозори ягонаи меҳнат дар ИИАО ба шаҳрвандон кишварҳои узв имтиёзҳои бузург фароҳам месозад
Дар обтаъминкунӣ, назорат ба ҷамъоварӣ ва тақсим кардани партовҳо — 1,1%. Дар баробари ин, саноати маъдани кӯҳӣ ва конҳо 0,2% кам шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) 3,8% афзоиш ёфта, аз суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ пештар аст. Имсол суръати тараққиёти иқтисодиёт боз ҳам баландтар аст.