ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ҳамидулло Фитрат, муовини сухангӯи ҳукумат Толибон* гуфт Афғонистон равобити созандае бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дорад ва ин равобит ҳифз хоҳад шуд, иттилоъ додааст “радиои дарӣ”.
“Афғонистон узви нозири Созмони Ҳамкории Шанхай аст, аммо намояндагони ин кишвар ба нишаст ин созмон, ки қарор аст дар таърихи 15 ва 16 октябр дар Покистон баргузор мешавад, даъват нашудаанд”, - афзуд Фитрат.
Лозим ба ёдоварист, ки иҷлоси сарони Шанхаии рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбеи ин ҳафта ба мизбонии Исломобод баргузор мешавад аммо Покистон аз Афғонистон барои ширкат дар ин нишаст даъват накардааст.
Афғонистон дар 7 июни 2012 узви нозири Созмони Ҳамкории Шанхай шуд ва аз сентябри 2021 токунун ғайрифаъол будааст.
Ҳукумати Толибон* аксари мафоди тавофуқномаи ҳамкорӣ байни Шанхай ва Афғонистонро ба расмияти нашинохта ва ҳамчунин давлати собиқи Афғонистонро ба унвони салафи худ ба расмият намешиносад.
Ба гуфта ин манбаъ, лозим аст ҳукумати сарпарасти Афғонистон тавофуқномаи СҲШ- Афғонистонро ба расмият бишносад.
Афғонистону Муғулистон ду кишвари нозири Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд, ки дабирхонаи СҲШ аз миёни ду узви нозир танҳо Муғулистонро ба ин иҷлос даъват кардааст.
* - ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад