Раҳмон бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дар Ишкошим хонаҳои истиқоматӣ дод

Президент супориш додааст, ки ба ҳар як оилаи маҳаллаи навбунёд 1 сар чорвои калони ҷӯшо, 10 сар моли майда ва сару либоси зимистона дода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи дуюми сафарашро ба ВМКБ аз ноҳияи Ишкошим оғоз кард.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳур, нахуст ӯ дар деҳаи Зугванди поёни деҳоти Зонг хонаҳои истиқоматии навбунёдро барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, мавриди истифода қарор дод.
Президент дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ кардааст, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки биноҳои нави истиқоматӣ дар давоми бештар аз як моҳ бунёд гардида, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин шудаанд.
Таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида суҳбати самимӣ анҷом дода, дар вазъияти тантанавӣ ба 13 оила калиди хонаҳои истиқоматиро супорид.
Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ВМКБ рафт
Манбаъ афзудааст, ки хонаҳои истиқоматӣ дорои 5 ҳуҷра, ошхона, долон, роҳрав ва дигар шароити зарурӣ буда, маҳаллаи навбунёд низ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд шудааст.
Президент ба сокинони маҳаллаи нав гуфтааст, ки мавзеи қитъаҳои замин ва хонаҳои пешинаашон, ки аз нигоҳи бехатарӣ осебпазир аст, барои бунёди боғ ва дигар ҳадафҳои маишӣ минбаъд онро метавонед истифода баранд.
Сарвари давлат ба масъулони соҳа супориш додааст, ки ба ҳар як оилаи маҳаллаи навбунёд 1 сар чорвои калони ҷӯшо, 10 сар моли майда ва сару либоси зимистона дастрас намоянд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари омадани сел қаблан 13 манзили сокинони ин ноҳияи дурдасти ВКМБ пурра хароб гардида буд.