Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Эълони талафоти шабонарӯзии Украина дар минтақаи амалиёти вижа

Тибқи омори Вазорати дифои Русия, талафоти Қувваҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои гуногун дар як шабонарӯз 1805 нафар низомиёнро ташкил дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Талаафоти шабонарӯзии Украина дар самти Курск 300 нафару 7 танкро ташкил дод.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, аз 7 танки нобудшуда дар тӯли 24 соат ду ададашон Leopard-и олмонӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, ки 8 сарбози украинӣ таслим шудаанд.
Дар маҷмуъ, дар ҷараёни набардҳо дар самти Курск Киев беш аз 22 600 нафар низомӣ, 157 танк, 36 мушакафканро аз даст дод, афзуд манбаъ.
Ҳамзамон нерӯҳои Русия давоми як шабонарӯз ба 138 нуқта, аз ҷумла инфрасохтори фурудгоҳи низомӣ, анборҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ва тамаркузи нирӯҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро зарба задаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Заработи артиши Русия ба иншооти инфрасохтори энержии Украина
Ба гуфтаи ин вазорат, системаҳои дифоъи ҳавоӣ панҷ мушаки HIMARS-и сохти Амрико, ду мушаки дурпарвози "Нептун" ва 36 паҳбоди бидуни сарнишини навъи ҳавопайморо задаанд.
Гуфта мешавад, ки низомиён Русия маҳлли аҳолинишини Михайловкаи Ҷумҳурии мардумии Донетскро озод карданд.
Тибқи омори вазорат талафоти Қувваҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои гуногун дар як шабонарӯз 1805 нафар низомиёнро ташкил дод.