ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Артиши Русия ба иншооти инфрасохтори энергетикӣ, ки маҷмааи ҳарбию саноатии Украинаро таъмин мекард, зарба зад.
Дар ин бора дар паёми вазорати дифоъи Русия гуфта мешавад.
"Авиатсияи фаврию-тактикӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин, нерӯҳои мушакӣ ва артиллерия аз гурӯҳҳои нерӯҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия ба иншооти инфрасохтори энергетикӣ, ки фаъолияти комплекси ҳарбӣ-саноатиро таъмин мекарданд, зпрбп заданд", — омадааст дар хабари вазорат.
Артиш инчунин дар 146 нуқта тамаркузи нерӯҳо ва техникаи ҳарбии душманро ҳадаф қарор дод.
Илова бар ин, системаҳои дифои ҳавоӣ 11 мушаки HIMARS-и сохти Амрико ва 125 ҳавопаймои бесарнишини навъи ҳавопайморо задаанд.
Дар посух ба ҳамлаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Украина ба ҳадафҳои ғайринизомӣ, низомиёни Русия мунтазам ба ҷойгиршавии ҳайати шахсӣ, таҷҳизот ва зархаридон, инчунин ба инфрасохтор: иншооти энергетикӣ, саноати дифоъӣ, низомӣ ҳамлаҳои ҳадафнок анҷом медиҳанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот дар сатҳи қонунгузорӣ мамнӯъият эълон кардааст.