Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ВМКБ рафт

Дар Рушон кишвардор барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия як қатор техника ва мошинолоти соҳавӣ тақдим намуд, то бахши кишоварзӣ хубтар рушд кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи силсиласафарҳояш ба манотиқи кишвар, ин бор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.
Ба гузориши котиботи раисҷумҳур, мақсади боздид шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ аст.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур сафарро аз ноҳияи Рӯшон оғоз кардааст, ки ӯро дар ин ҷо раиси ВМКБ, дигар шахсони расмӣ ва сокинони ноҳияи бо самимияти хосса, рӯҳияи идона истиқбол гирифтанд.
Дастури Раҳмон ба вазири иқтисод дар бораи таҳияи лоиҳаи дурнамои рушд
Раисиҷумҳур аллакай тавонист аз гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” боздид кунад, ки бо дастураш барои таъминоти бозор бо маҳсулоти маҳаллӣ аз тарафи соҳибкор Ҳамдам Давлатмамадов сохта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, аз масъулин хостааст, ки заминҳоро босамар истифода ва талош намоянд, ки ду се ҳосир рӯёнанд.
Дар ҳаминҷо Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии давлатии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия як қатор техника ва мошинолоти соҳавӣ тақдим намудааст, то бахши кишоварзӣ хубтар рушд ва заминҳои бекор азхуд карда шавад.