Дар Хуҷанд дар 9 моҳ 37 корхонаи нав бунёд шудааст

Шаҳри Хуҷанд, ки яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилоят истеҳсолшаванда заминаи устувор мегузорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ахиран шаҳрдори шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар 9 моҳи соли равон, гуфтт, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда имкон дод, ки дар ин давра 37 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 900 адад ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳамин тавр ба гуфтаи вай миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 297 адад расонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвият ёфтани соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолшаванда саҳми босазо гузошта истодааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 млрд. 282,0 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 112,9 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, аз ин миқдор 300,8 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба 40 бонуи ҳунарманд грант дод
Иттилоъ дода шудааст, ки дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 110 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 634,7 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,6 млн. сомонӣ зиёд гаштааст.
“Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд маҳсулот истеҳсол карда, 43 адад ё 17,1 банди фоизӣ зиёд шуда, теъдоди онҳо ба 297 адад расидааст”, - қайд кардааст шаҳрдори Хуҷанд.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар масъалаҳои шуғлнокии соҳа низ пешравиҳо ба назар расида, шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 757 нафар ё 12,3 дар сад афзоиш ёфта, музди маоши миёнаи кормандон низ 85,8 сомонӣ ё 4,8 фоиз зиёд гардидааст.