Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко мулоқот кард

Раиси Шӯрои Федератсия ба рушди иқтисоди равобити байни кишварҳо, таъкид намуд, ки гардиши мол миёни ҷонибҳо дар як сол 13% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ гузориш медиҳад.
Раиси Шурои Федератсия барои иштирок дар ҷаласаи пленарии Форуми 8-уми байнипарламентии "Тоҷикистон ва Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ" ва Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули СарқонуниТоҷикистон ба шаҳри Душанбе омад
"Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид",- афзудааст манбаъ.
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад, раиси Шӯрои Федератсия ҳукумати Тоҷикистонро ба муносибати 30-умин солгарди қабули конститутсия табрик гуфта, ба рушди иқтисоди равобити байни кишварҳо, таъкид намуд, ки гардиши мол миёни ҷонибҳо дар як сол 13% афзоиш ёфтааст.
Чанд маротиба Раҳмон ба Русия рафт?
Валентина Матвиенко зимни ҳамоиши байнипарлумонӣ дар Душанбе гуфт, ки сохтмони маркази кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистон соли оянда оғоз мешавад.
Вай афзуд, ки ҷонибҳо аллакай макони сохтмони биноро интихоб кардаанд.