ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ба адабиётшиноси маъруфи тоҷик, профессори донишгоҳи Самарқанд Садрӣ Саъдиев Ордени "Дӯстӣ"-ро тақдим кард.
Дар як ҳамоиши ботантана дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Ҳукумати кишвар ба адабиётшиноси шинохта, профессори донишгоҳ Самарқанд Садрӣ Саъдиев Ордени "Дӯстӣ" тақдим кард.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон хабар додааст.
Зимени супоридани ҷоиза сафир аз хизматҳои шоистаи Самарқанд Садрӣ Саъдиев дар рушди илми адабиётшиносии тоҷик таъкид намуд.
Ҳамзамон сафир дар ин ҳамоиш ба чанде аз адабиётшиносон ва аҳли зиё Ифтихорнома тақдим гардид.
Инчунин ба муносибати Рӯзи омӯзгорон зиёиёни тоҷик, профессорон Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ, Ҷӯлибой Элтазаров ва муаллима Дилором Усмонова бо унвони "Аълочии таълими халқ" ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Рустам Холмуродов аз густариши робитаҳои фарҳангии ду давлати ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ ва аз қадршиносии аҳли илму зиё ба ҳукуматиТоҷикистон арзи сипос намуд.