Дар Тоҷикистон 44 ҳазор хонанда баъди хатми синфи 9 таҳсилро идома надодаанд

Соли гузашта 44 ҳазор нафар хонанда баъди хатми синфи 9 таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон аз 170 ҳазор нафар хонандагоне, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 ҳазор нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 12 ҳазор нафар ба литсейҳои касбиву техникӣ ва коллеҷҳо дохил шудаанд.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон 44 ҳазор нафари боқимонда таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ва 2 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият дошта, шуғлу касбҳои талаботи замони муосирро ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ меомӯзанд.
Чанде пеш кишвардори Тоҷикистон гуфта буд, ки дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.
Раҳмон ба волидайн: Барои кӯдакон шароити беҳтар муҳайё созед, то ки онҳо бесавод намонанд
Вай афзуд, ки соли равон 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карданд ва 250 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ҳар сол бунёди 380 мактаби нав зарур мебошад.
Президенти кишвар зимни суханрониаш ба мавзӯи аз таҳсили илму дониш ва касбу ҳунар дур мондани шумораи муайяни наврасону ҷавонон, ба хусус ҷавондухтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
Вай таъкид дошт, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд.