Дар Хатлон табиб намерасад: Супориши мақомоти вилоят барои бартараф кардани мушкилот

Муовини раиси вилояти Хатлон ба масъулин супориш додааст, ки фаъолият дар бахши тандурустӣ бояд муассир бошад ва мушкилот бартараф карда шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ахиран дар маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода баргузор гардид.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа фаъолияти 9-моҳаи марказҳои саломатии 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода бо таъкид ба дастовардҳои соҳа, ҳамчунин аз вазъи кунунии муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои хизматрасониҳои тиббӣ, марказҳои репродуктивӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят интиқод намуд.
Хонум Абдусаломзода аз норасоии кадрӣ дар ин соҳа зикр кард.
Мақомоти Суғд гуфт, дар вилоят чанд табиб асту чӣ гуна онҳо ҳавасманд мешаванд
Вай таъкид кард, ки айни ҳол муассисаҳои тандурустии вилоят ба 696 нафар мутахассис ниёз доранд. Танҳо дар давоми се моҳ 24 нафар мутахассисон ба ин кор дар муассисаҳои тиббӣ ҷалб гардидаанд.
Муовини раиси вилояти Хатлон ба масъулин дастур дод, ки камбудиҳои мавҷуда, аз ҷумла вобаста ба фавти модару кӯдак, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хизматрасонии тиббӣ дар маҳал ва дигар мушкилот дар фаъолияти ниҳодҳои соҳаи тандурустии вилоят дар кутоҳтарин фурсат бартараф карда шаванд.