Идомаи афзоиши боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар ИИАО

Дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тамоюли афзоиши боркашонию мусофиркашонӣ ба қайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи омор дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тамоюли рушд нишон додааст.
Аз моҳи январ-июли соли 2024 (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар ИИАО (8,4%) ва ҳам нишондиҳандаҳои миллӣ: дар Русия (7,9%), Белоруссия (9,2%), Қазоқистон (14,1%) ва Киргизистон (6%) афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, дар давраи ҳисоботӣ боркашонӣ дар Қирғизистон (3,6%), Белорус (3,8%) ва Русия (0,3%) низ афзоиш ёфтааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё рӯзи 22 декабр эъломияро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи АвруОсиё то соли 2030 ва барои давраи то соли 2045 ба имзо расониданд.
Эрон ба зудӣ метавонад мақоми нозирӣ дар ИИАО-ро ба даст орад
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.