Дар посух, нерӯҳои дифоъии Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд.
Исроил ба ҳамлаҳои густурдаи худ ба Навори Ғазза оғоз кард, ки то ҳол идома дорад.
Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи "Ҳамос" аст, мегӯяд, ки дар як сол беш аз 41 ҳазор фаластинӣ дар Ғазза кушта шуданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд. Ба гуфтаи ин вазорат, дар ин муддат беш аз 97 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳазорон тани дигар то ҳанӯз аз зери вайронаҳо берун оварда нашуданд.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки дар як соли ҷанг дар навори Ғазза 1,9 миллион нафар маҷбур ба тарки хонаҳояшон шуданд.
Ҳоло бо гузашти як сол, доманаи ҷанг аз Ғазза фаротар рафта ва ба Лубнон низ густариш ёфтааст. Дар пайи ҳамлаҳои ҳафтаҳои ахири Исроил ба Лубнон садҳо нафар кушта шуданд.