ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба пойтахти Русия рафт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Маскави Русия сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти кишварро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазири кишвар, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо Раҳбари Тоҷикистон суҳбати телефонӣ дошт.
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба нишасти дарпешистодаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар Маскав баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2024 раёсати ин иттиҳод ба Русия гузашт.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин рӯзи 7 октябр бо раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ ба Маскав меоянд, мулоқот хоҳад кард.
Илова бар ин, рӯзи душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар назар аст.