Нигаронии Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонаш дар бархе аз кишварҳои ИДМ

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Маскав аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои ИДМ изҳори нигаронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Маскав ба мавзуи ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират таъкид кард.
Вазир зимни суханронии худ аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави як қатор кишварҳои Иттиҳод изҳори нигаронӣ кард.
Сироҷиддин Муҳриддин ба далелҳои роҳ надодан ва манъи вуруди донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квотаҳои ҳукуматие, ки аз ҷониби давлатҳои ИДМ ҷудо карда шудаанд, таҳсил мекунанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.
"Чунин муносибат ба принсипҳои бунёдии инсондӯстӣ ҷавобгӯ набуда, принсипҳои асосии фаъолияти ИДМ-ро зери шубҳа мегузорад. Мо чунин мешуморем, ки бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат гирад”, - таъкид кард вазири хориҷаи Тоҷикистон.
Муҳриддин бо ҳамтоёнаш аз ИДМ дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд? - видео
Ҳамчунин вазири тоҷик изҳор дошт, ки Душанбе дар чаҳорчӯби раёсати дарпешистодаи кишвар дар ИДМ ба кишварҳои узви Иттиҳод пешниҳод хоҳад кард, то кори муштаракро барои мувофиқа кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки муддати тӯлонӣ дар баррасӣ қарор доранд, фаъол созанд.
Мақомоти Тоҷикистон номбар кард, ки кадом санадҳо муддати тӯлонӣ дар баррасӣ қарор доранд, аз ҷумла: Консепсияи ташаккули марҳилавии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи тартиби тафтиши садамаҳои истеҳсолӣ, ки ба коргарон ҳангоми берун аз давлатҳои истиқоматашон рух додаанд.