Дар Маскав таҳти раёсати Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ оғоз шуд.
Ҷаласаи Шӯро дар форматҳои маҳдуд ва васеъ сурат мегирад. Тавре намояндаи расмии ВУХ-и Русия Мария Захарова хабар дод, ҷаласа таҳти раёсати роҳбари вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баргузор мешавад.
Захарова қайд кард, ки вазирон ният доранд, ки натоиҷи муқаддамотии кори муштаракро оид ба татбиқи раёсати Русия дар ин созмон дар соли ҷорӣ ҷамъбаст кунанд.
Дар нишаст вазирони умури хориҷаи Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат доранд.
Тибқи барномаи чорабинӣ, соати 13:00 ҷаласаи умумии намояндагони кишварҳои ИДМ оғоз шуда, баъд аз нишасти матбуотии муштараки вазирони хориҷии Русия Сергей Лавров ва дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев баргузор мешавад.