ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар доираи сафар ба Арманистон дар шаҳри Ереван бо ҳамтои армании худ хонум Анна Вардапетян мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубориза бо экстремизм, терроризм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҳамчунин масъалаҳои амниятӣ баррасӣ шуданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи муҳимияти густариши ҳамкории зич байни ниҳодҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқи давлатҳоро барои ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.
Ҳамчунин додситонҳои кулли Тоҷикистону Арманистон барои истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар ёрии мутақобили ҳуқуқӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арманистон идома дорад.