ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Карамов муваққатан қатъ мегардад.
“Шуруъ аз 1 октябри соли равон то 25 июли соли 2025 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Карамов муваққатан қатъ мегардад”, - иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Роҳбандӣ дар Душанбе аз 1 октябри соли 2024 то 25 июли соли 2025
© Sputnik
Тавре манбаъ қайд кардааст, қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва навсозии кӯчаи Низомии Ганҷавӣ ба роҳ монда шудааст.
Шаҳрдорӣ аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафат истифода намоянд.