ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Узвияти Эрон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё метавонад дарёи Хазарро ба як маркази нави иқтисодӣ табдил диҳад.
Дар ин бора декани факултети иқтисодии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия Инна Андронова баён дошт.
Ба гуфтаи коршинос, Русия манфиатдор аст, ки Теҳрон ба ҳайси нозир ба Иттиҳодияииқтисодии Аврупо шомил шавад, зеро ин имкон медиҳад, роҳи дигаре ба оброҳи сохтагии Суэз таъсис диҳанд.
"Ин имкони воқеӣ барои эҷоди як маркази нави тиҷорати байналмилалӣ аз баҳри Хазар аст. Ҳамчунин ин ба рушди логистика ва тиҷорат аз Осиё на тавассути канали Суэз, балки тавассути Эрон ва баҳри Хазар шароит фароҳам меорад", - гуфт ӯ.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин созишномаи тиҷорати озод миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эронро ба тасвиб расонд.
Ҳуҷҷат ба соддагардонии тиҷорат байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон тавассути коҳиш ё аз байн бурдани монеаҳои тарқфавӣ ва ғайритаруфавӣ равона шудааст.