ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Обуҳавосанҷони тоҷик ҳавои моҳи октябри соли ҷориро дар кишвар монанд ба соли соли 2012 медонанд.
Ба иттилои Агентии ҳавосанҷӣ, дар даҳрӯзаи аввали моҳ баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад, аммо дар даҳаи дуюм пастшавии ҳарорати дар назар аст.
Инчунин дар ин моҳ номусоид шудани обу ҳаво, боридани боронҳо низ пешгӯӣ мешавад.
Ҳамин тариқ, дар ин муддат дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорат 14+16 дараҷаро ташкил дода, дар нимаи аввали моҳ рӯзона ҳаво дар водиҳо то 29 ва шабона то 17 дараҷа гарм мешавад. Дар навоҳии доманакӯҳ рӯзона то 25 ва шабона то 15 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Ҳаво дар нимаи аввали моҳ асосан ҳавои хушк боқӣ монда, дар нимаи дуюми номусоид ва бориши борон аз эҳтимол дур нест, аммо дар баъзе навоҳӣ аз меъёри иқлимӣ кам, дар баъзеи дигар зиёд пешгӯӣ мешавад.
Дар Суғд бошад, давоми моҳ ҳаво то 15 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 9 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Даҳаи аввали моҳ реҷаи нисбатан баланди ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, боқимонда рӯзҳо пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона то 11 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ва рӯзона то 11 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Тавзеҳ дода шуд, ки дар минтақаҳои кӯҳии НТМ ва ғарби ВМКБ авввали моҳ ҳарорати баланд ва нимаи дуюми моҳ ҳаво аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ шуда, шабона аз 4 то 12 ва рӯзона аз 14 то 20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво аз 1 то 4 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1-4 дараҷа хунук дар назар аст.
Даҳаи дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 6 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3+8 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шарқи ВМКБ агар ҳаво аз 1 то 4 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1-4 дараҷа хунук шавад, дар даҳаи дуввум ва сею шабона аз 6 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3+8 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук мешавад.