Русия дар Душанбе обидаи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро барқарор мекунад

Обила дар "Оросгоҳи русҳо"-и Душанбе ҷойгир буда, дар он номи аскарони шӯравии ҶШС Тоҷикистон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудаанд, нақш бастааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Русия дар Душанбе обилаи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро барқарор мекунад.
Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як конфронси илмию таърихӣ дар остонаи таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба изҳор дошт.
Дар шаҳри Душанбе марҳилаи лоиҳаи байналмилалии "Пойтахти Ғалабаи бузург: Хотираи наслҳо" баргузор гардид, ки дар рафти он вохӯрӣ бо собиқадорон, конфронси мавзӯии илмӣ-амалӣ, инчунин боздид аз ёдгориҳои низомӣ баргузор гардид.
Григорев дар конфронс суханронӣ карда, аз нақшаҳои мақомоти Русия дар бораи барқарор кардани обила бо номи сарбозони шӯравии ҶШС Тоҷикистон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар "Оромгоҳи русҳо"-и Душанбе кушта шудаанд, хабар дод.
"Мо якҷо бо Пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе қабри собиқадоронро нигоҳубин мекунем ва ман метавонам эълон кунам, ки дар моҳи январ дар хиёбони шӯҳрати "Оромгоҳи русҳо" обила аз ҷониби сафорати Русия барқарор карда мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Ғайр аз ин, сафир дар рафти чорабинӣ аҳамияти ёриеро, ки Тоҷикистон дар солхои 1941—1945 расондааст, қайд намуд.
"Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯдакони зиёде дар оилаҳои тоҷик паноҳ ёфтанд, барои ин мо аз мардуми тоҷик самимона миннатдорем", - қайд кард Григорев.
Дар чорабинӣ аъзои созмонҳои собиқадор, низомиёни Вазорати дифои Тоҷикистон ва пойгоҳи 201-уми Русия, намояндагони намояндагии дипломатии Русия ва таърихшиносон ва ходимони ҷамъиятӣ ширкат доштанд.
Ёдашон ҷовидонист! Лавҳаи номи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Мастчоҳ навсозӣ шуд
Дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ иштирокчиён ба назди Оташи абадӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт гул гузоштанд.