Дар кишварҳои ИИАО бозори умумии асъор пайдо мешавад

Барои татбиқи консепсия барномаи махсус таҳия шудааст, ки дар доираи он масъалаи эҷоди нишондиҳандаҳои умумии нархҳо минбаъд баррасӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Консепсияи бозори умумии асъори Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)моҳи октябр қабул мешавад, гуфт Максим Ермолович, узви Шӯрои Рақобат ва танзими зиддиинҳисории КИАО.
"Консепсияи бозори умумии асъори ИИАО дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дорад, мо интизорем, ки он дар Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар ояндаи наздик – моҳи октябри соли равон тасдиқ карда шавад", - гуфт ӯ дар ҷаласаи Ҳафтаи энергетикии Русия.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз қабули он марҳилаҳои ташаккули бозори умумии асъор дар иттиҳодия таҳия хоҳанд шуд.
"Мо ба ҳалли масъалаҳои эҷоди тамоми инфрасохтори зарурӣ барои савдои озоди мубодилаи кишварҳои узви ИИАО шурӯъ мекунем", - афзуд Ермолович.
Барои амалӣ гардондани ин консепция барномаи махсус тартиб дода шуд. Дар доираи он минбаъд масъалаи ташаккули нишондиҳандаҳои умумии нархҳо дида мешавад, гуфт дар хотима Ермолович.
Тиҷорати мутақобил миёни кишварҳои ИИАО ду баробар афзуд
Қаблан Биржаи байнулмилалии молу ашёи хоми Санкт-Петербург, ки дар омодасозии бозори умумии биржаи ИИАО низ машғул аст, хабар дода буд, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи ворид кардани тиҷорати колоҳои энергетикӣ ба бозори умумӣ баҳснок боқӣ мемонад.
Аз 26 то 28 сентябр дар Маскав Ҳафтаи энергетикии Русия баргузор мешавад. РИА Новости ҳамчун шарики иттилоотии форум баромад мекунад.