Хатлон аксари маҳсулоташро ба Покистон, Афғонистон Қазоқистон ва Русия содирот кард

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, ки қисми зиёди маҳсулоти кишоварзии вилоят ба Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Белорус содирот шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Аз ҳудуди вилояти Хатлони Тоҷикистон дар 14 мошини боркаш наздики 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба Қазоқистон содирот шуд.
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон корвони 14 мошини боркаш 18 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили ангур, каду, лаблабӯ, пиёз, карам ва ғайраро содирот карданд.
Тибқи иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоят ба хориҷи кишвар дар ин давра танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон 14985 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6022 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар ин давра ба ҳолати 4 сентябри соли ҷорӣ тибқи иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон ҳамагӣ ба миқдори 14985 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.
“Аз он ҷумла содироти пиёз 8633 тонна, карам 253 тонна, лаблабӯ 475 тонна, кадуи сабз 46 тонна, писта 568 тонна, чормағзи заминӣ 18,6 тонна, ангур 396 тонна, сирпиёз 8,6 тонна, зардолу 572 тонна, тарбуз 402 тонна, харбуза 6 тонна, себ 36,8 тонна, шафтолу 95,7 тонна, тухми офтобпараст 498 тонна, олу 2277 тонна, қаламфур 17,5 тонна, нок 20 тонна ва меваи хушк (чормағз) 681 тоннаро ташкил медиҳад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Вилояти Хатлон сармоягузорони хориҷиро интизор аст
Қайд карда шудааст, ки қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Покистон 6267 тонна, Афғонистон 1680 тонна, Қазоқистон 2893 тонна, Русия 3386 тонна, Узбекистон 681 тонна ва Белорус 76 тонна содирот шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути роҳи оҳани Хатлон 22 қатора бо вазни умумии 1329 тонна пиёзи барвақтӣ ба Қазоқистон ва Русия содирот карда шудааст.
Инчунин, содироти пиёз мувофиқи иттилои Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд дар ин давра 13243 тонна пиёзи барвақтӣ (аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон) ба воситаи гузаргоҳҳои гумрукии вилояти Суғд ва 1055 тонна пиёзи барвақтӣ ба воситаи гузаргоҳи гумрукии шаҳри Турсунзода ба Қазоқистон ва Русия содирот карда шудааст.
Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки бо бунёди шумораи бештари марказҳои логистикӣ, марказҳо ва коргоҳҳои банду басти маҳсулоти тайёр ва анбору сардхонаҳо дар вилояти Хатлон соҳибкорон мавқеи худро дар бозорҳои хориҷи кишвар мустаҳкам намуда истодаанд.