ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар Маскав мулоқоти муовини вазири корҳои дохилии Русия Андрей Храпов бо муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода сурат гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД-и Русия зимни мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои умумӣ, ифротгароӣ, муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ баррасӣ шуд.
Инчунин намояндагони ВКД Русия ва Тоҷикистон масъалаи ҷустуҷӯи ва баргардонидани шахсоне, ки аз мақомоти интизомӣ, тафтишотӣ, ва суд фирор кардаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд карда шудааст, ки мулокоти тарафҳо дар фазои дустӣ ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Зимни дидор мақомдорони баландпояи ВКД Русия ва Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳои кунунии Русия ва Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мусбат арзёбӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи онро муайян намуданд.