ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба нархномае, ки ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт, субҳи имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он насб кардаанд, гази моеъро бо нархи 7,4 сомонӣ харидан имконпазир шудааст.
Яке аз роҳбарони ширкати таъминкунандаи сӯзишвории нақлиёт дар суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, поёншавии нарх ба арзиши воридоти он алоқаманд аст.
“Як ҳафта ба ин тараф нархи ҳар килои яклухти гази моеъ аз 14 – 15 ба 13,5 – 13 сомонӣ поён шуд. Ҳар қадаре, ки нархи воридотии мол поён равад, ҳамон андоза қимати чаканаи он ҳам коҳиш дода мешавад” – гуфт, роҳбари ширкати ТСН (АЗС).
Бино ба таҳлили Sputnik Тоҷикистон, ҳарчанд нархи гази моеъ ҳудуди 40 – 50 дирам нисбат ба рӯзҳои пеш поён шудааст, аммо он дар муқоиса ба ҳамин дарваи соли қаблӣ ҳудуди 1 сомонӣ баланд гуфта мешавад.
Арзиши сӯзишворӣ дар Суғд чӣ гуна тағйир ёфт
© Sputnik
Моҳи сентябр ва оғози моҳи октябри соли 2023, ки гази моеъ дар нуқтаҳои таъминоти маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд бо арзиши 6,2 – 6,4 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Ҳоло дар тоблуи ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) дар навоҳии Суғд мушоҳида мешавад, ки дар муқоиса ба моҳҳои гузашта ба ҷузъ гази моеъ нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ бетағйир боқӣ мондааст:
Гази моеъ 7,3 - 7,4 сомонӣ;
Бензини АИ 92 – 10,4 - 10,6 сомонӣ;
Бензини АИ 95 – 10,8 - 11 сомонӣ;
Сӯзишвории дизелӣ ё солярка – 11 - 11,5 сомонӣ аст.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Чанде пеш масъулони идораҳои иқтисод ва савдо дар ҳукумати вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буданд, ки давоми шаш моҳи соли 2024 ба ин вилоят ҳудуди 150 ҳазор тон маводи нафтӣ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118% бештар будааст.