"Ҳизбуллоҳ" марҳалаи нави муқовимат бо Исроилро эълон кард

Дар Лубнон аз марҳилаи нави муқовимат алайҳи Исроил мегӯянд, дар ҳоле, ки расонаҳо аз омодагии Телавив барои амалиёти заминӣ хабар медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҷунбиши шиъаҳои Лубнон "Ҳизбуллоҳ" ба марҳилаи нави муқовимат бо Исроил ворид шуд.
Дар ин бора муовини дабири кулли ин ҷунбиш Наим Қосим изҳор дошт, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Al Mayadeen.
"Мо ба марҳилаи нав бо номи Ҷанги Ҳисобҳои кушод ворид шудем",- гуфт ӯ.
"Ҳизбуллоҳ" субҳи якшанбе гуфт, ки ба маҷмааи низомию саноатии "Рафаэл" дар шимоли Ҳайфаи Исроил ва ба пойгоҳи ҳавоии Рамат-Давид дар шимоли Исроил зарбаҳо анҷом додааст.
Дар ҳамин ҳол маҷаллаи Economist-и Британия бо истинод ба манбаъҳои низомӣ хабар медиҳад, ки Исроил дар Лубнон амалиёти заминиро барои ташкили минтақаи буферӣ дар шимоли сарҳади ду кишвар омода мекунад.
"Ба гуфтаи манобеъи низомӣ, Исроил ҳамчунин як ҳамлаи заминиро омода мекунад, ки ба тасарруфи як минтақаи буферӣ чанд мил дуртар аз шимоли сарҳад иборат аст." менависад журнал.
Як афсари захиравии исроилӣ, ки дар омодагӣ ширкат дошт, ба маҷалла гуфт, ки нақшаҳои амалиёти заминӣ аллакай таҳия шудаанд ва афзуд, ки барои иҷрои онҳо нерӯи кофӣ нест.
Исроил ба бадбахтии худ дар таърихи террор саҳифаи нав кушод
Аввали ҳафтаи равон вазири дифоъи Исроил Йоав Галант аз оғози марҳилаи нави ҷанг ва тағир додани маркази вазнинии талошҳои низомӣ ба ҷабҳаи шимолӣ хабар дод.
Мақомҳои исроилӣ низ риторикаи изҳороти худро тағйир додаанд, ки ҳоло таъкид мекунанд, ки замони ҳалли дипломатии вазъ дар марзҳои шимолӣ тамом шуда ва бозгашти сокинон ба хонаҳояшон танҳо тавассути амалиёти низомӣ имконпазир аст.
Артиши Исроил дивизияи 98-умро, ки қаблан дар амалиёти навори Ғазза ширкат карда буд, ба марзи Лубнон интиқол дод.
Нерӯҳои Ҳавоии Исроил алайҳи ҳадафҳои "Ҳизбуллоҳ" ва мушакҳои омода барои партоб ба Исроил ҳамалоти шадид анҷом дод.