Ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ бо Донишгоҳи СММ тақвият хоҳанд ёфт

Ахиран дар шаҳри Ню-Йорк маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар ҳошияи Саммити Оянда дар Ню-Йорк миёни Тоҷикистон ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (UNU) Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ имзо гардид.
Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи Ёддошти мазкур густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон, тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи СММ, тавассути Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустӣ (UNU-INWEH) мебошад.
Қайд карда шудааст, ки ҳамкории тарафайн ба ҳалли мушкилоти муҳими экологии глобалӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои марбут ба об, муҳити зист, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва рушди устувор нигаронида шудааст.
Сипоси Юсуф Раҳмон аз додситони кулли Русия барои ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ
ВУХ зикр кардааст, ки ҳамкории мазкур ба табодули дониш, ташаббусҳои вобаста ба зарфиятсозӣ ва тадқиқот ба хотири дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
“Ин санад ҳамзамон ташаббусҳои илмӣ, технологӣ, фанноварӣ ва рушди устуворро тибқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 тақвият хоҳад дод”, - қайд кардааст вазорати хориҷа.
Маросими баимзорасонии ин санад, дар дафтари Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ бо иштироки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Дабири кулли СММ, ректори Донишгоҳи СММ Тшилидзи Марвала сурат гирифт.