Тавсияи Шредер ба касоне, ки ғалаба бар Русияро мехоҳанд: ба таърих нигаред

Сиёсатмадор гуфт, Ғарбӣ эҳтимоли бад шудани бӯҳрон дар Украинаро нодида мегиранд ва маҳз он манфиатҳои таърихан асосноки Русия дар соҳаи амниятро намебинад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Герхард Шрёдер, садри аъзами пешини Олмон, ба онҳое, ки муътақиданд, пирӯзии низомӣ бар Русия имконпазир аст, маслиҳат дод.
Вай дар ин бора дар сӯҳбат бо рӯзномаи швейтсарӣ сухан гуфт, ки чунин афрод бояд як ба китобҳои таърих назар андозанд.
Ӯ гуфт, ки Русияро аз ҷиҳати низомӣ мағлуб кардан мумкин нест. Сиёсатмадор хотиррасон кард, ки на Наполеон ва на Гитлер натавонистанд Русияро мағлуб кунанд.
Ба гуфтаи Шрёдер, аксарияти русҳо аз президент Владимир Путин пуштибонӣ мекунанд.
"Онҳо мӯътақиданд, ки Ғарб Украинаро танҳо ҳамчун нӯги найза барои ба зону задани Русия истифода мекунад",- гуфт садри аъзами собиқ.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, кишварҳои ғарбӣ эҳтимоли бад шудани бӯҳрон дар Украинаро нодида мегиранд: маҳз Ғарб манфиатҳои таърихан асосноки Русия дар соҳаи амниятро нодида мегирад.
Захарова: Кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои Ғарб ба майдони озмоишҳо табдил ёфтааст
Вай ҳамчунин афзуд, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд пуштибонӣ аз Украинаро бо талаби Киев барои пешниҳоди сенарияҳои воқеии дастёбӣ ба сулҳ пайвандад.
Шредер боварӣ дорад, ки низоъ бояд бо рохи осоишта ҳал карда шавад.
"Ин ҷанг бояд тавассути гуфтушунид хотима ёбад. Ба ҳар хол онро бо роҳи ҳарбӣ ҳал кардан мумкин нест. Гузаштҳо лозим хоҳанд шуд",-гуфт Шредер.
Вай инчунин ба нақши худ дар музокироти Федератсияи Русия ва Украина дар Истанбул дар соли 2022 ишора карда, гуфт, ки дастёбӣ ба сулҳ наздик буд, аммо ба ин тасмими озоди Украина нарасид.
Ба гуфтаи Шредер, ҳукумати Владимир Зеленский натавонист, озодона тасмим бигирад ва “доираҳои бонуфузи” дар паси он дар он вақт имкон надод, ки сулҳ ба даст ояд.
Ба гуфтаи собиқ садриаъзам, онҳо бовар доштанд, ки идомаи амалиёти ҷангӣ гӯё Русияро заиф мекунад.