ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. ИИАО ният дорад мақоми нозир дар Маҷмаи Умумии СММ-ро ба даст орад.
Ин масъаларо раиси Комиссияи иқтисодии Авруосиё Бақитжан Сагинтаев ва муовини дабири кулли СММ дар умури иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунхуа баррасӣ карданд.
Мулоқот дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк баргузор шуд. Ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории ИИАО ва СММ табодули афкор намуданд, хабар медиҳад КИАО.
"Мо омодаем, ки дар ин самт барои ба низом даровардани кори муштаракамон саъю кӯшиши заруриро ба харҷ диҳем, ки музокироти имрӯза ба таҳкими муколама ва густариши робитаҳо мусоидат мекунад", - гуфт Сагинтаев.
Ӯ қайд намуд, ки Кумиссиюни иқтисодии Авруосиё ба рузномаи СММ дар соҳаи рушди устувор диққати махсус медиҳад.
Комиссия рӯзномаи SDG-2030-ро дар СММ ва комиссияҳои минтақавии он фаъолона пешбарӣ мекунад, инчунин ба таври анъанавӣ платформаи Форуми сиёсии рушди устуворро барои мавқеъи Иттиҳоди АвроОсиё ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи байналмилалӣ истифода мебарад.
Дар навбати худ, Ли Ҷунхуа нақши муҳими ИИАО дар байни созмонҳои байналмилалӣ барои ҳамгироии иқтисодии минтақаро таъкид кард.
Вай изҳори итминон кард, ки ин мулоқот ба ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодӣ ва СММ такони нав хоҳад бахшид.