Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк рафт

Бар асоси барномаи СММ қарор аст, ки президент дар "Саммити оянда" ширкат кунад, ки дар чаҳорчӯби он санади ниҳоӣ – Паймони оянда қабул мешавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 22 сентябр ба аҳри Ню-Йорк рафт.
Ҳадафи сафар иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони милали муттаҳид аст, хабар медиҳад, дафтари матбуоти президенти кишвар.
Ба иттилои манбаъ, кишвардорро Рустами Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Муҳаммадтоир Зокирзода, муовини Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Лавров хост, ба ҷаҳон оинномаи СММ хотиррасон карда шавад
Дар ин сафар президенти кишварро муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии сарвари давлат оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бар асоси барномаи СММ қарор аст, ки президент дар "Саммити оянда" ширкат кунад, ки дар чаҳорчӯби он санади ниҳоӣ – Паймони оянда қабул мешавад.
Ҳамчунин дар доираи ин нишаст дидорҳои дуҷонибаи раисҷумҳури кишвар низ аз эҳтимол дур нест.