Сипоси Юсуф Раҳмон аз додситони кулли Русия барои ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ

Юсуф Раҳмон мавқеъи фаъоли додситони кулли Русияро дар дифоъ аз муҳоҷирони меҳнатӣ намунаи ҳамдигарфаҳмии намунавии байни ниҳодҳои Русияву Тоҷикистон номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба ҳамтои русаш Игор Краснов барои мавқеъи фаъолаш дар ҳимоят аз манфиатҳои муҳоҷирони кории Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Мулоқоти Юсуф Раҳмон ва Игор Краснов дар чаҳорчӯби IX-умин Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасоди молӣ дар Душанбе баргузор шуд.
"Ба шумо барои мавқеъи фаъолатон дар ҳимояи муҳоҷирони корӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, изҳори сипос менамоям, ки ин намунаи ҳусни тафоҳум миёни ниҳодҳои мост", - таъкид кард додситони кулли Тоҷикистон.
Дар рафти он ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, терроризми байналмилалӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла табодули маълумоти фаврӣ-тафтишотӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ибрози назар намуданд.
Дар мулоқот қайд карда шуд, ки пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромиллӣ танҳо дар натиҷаи кӯшишҳои дастаҷамъонаи дуҷониба натиҷаи дилхоҳ медиҳанд.
Созишномаи ҳамкории нав миёни Тоҷикистону Русия: Муқовимат ба коррпусия пурзур мешавад
Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба масъалаҳои болозикр ҳамкориро вусъат бахшида, баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ талош хоҳанд кард.
Тарафҳо пас аз мулоқот Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураҳои ду кишвар барои солҳои 2025-2026 ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Додситонии Русия аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки қонунҳои зидди муҳоҷират метавонад боиси маҳдуд шудани ҳуқуқи шаҳрвандони рус, аз ҷумла онҳое, ки ба тозагӣ шаҳрвандиро гирифтаанд, ба вуҷуд орад.
Илова бар ин, дар моҳи июни соли равон намояндаи Додситонии кулли Русия қайд кард, ки барангехтани нафрат нисбат ба муҳоҷирон ба таври сунъӣ дар байни афроди тундгаро бо мақсади заиф кардани рушди давлат ё суқути он ташкил карда мешавад.