Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО афзоиш ёфт: омори ҷадид

Таҳлилгарони КИАО бузургтарин афзоиши тавлидоти саноатиро дар давраи аз январ то июл соли 2024 дар Арманистон сабт карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт.
Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи аввали соли равон ин рақам нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар канали Telegram-и худ менависад.
Қайд карда мешавад, ки ин нишондиҳанда дар тамоми кишварҳои узви созмон афзоиш ёфтааст.
Афзоиши бештарро Арманистон нишон дод - болотар аз 15,7%. Дар Беларусия ҳаҷми маҳсулоти саноат 7,5%, дар Русия — 4,8%, дар Қазоқистон — 2,9%, дар Қирғизистон — 0,8% афзуд.
ИИАО саҳми худро дар иқтисоди ҷаҳонӣ афзоиш медиҳад
КИАО инчунин қайд кард, ки дар охири моҳи июн таваррум солона дар иттиҳод 8,1%-ро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки Қаблан хабар дода шуда буд, ки ИИАО сармоягузорӣ ба соҳаи саноатро ҳавасманд хоҳад кард.
Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.