ИИАО саҳми худро дар иқтисоди ҷаҳонӣ афзоиш медиҳад

Зарур аст, насли нави коршиносон дар ИИАО-ро тарбия кард ва имконоти муколама дар бораи рушди равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё афзоиш ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Саҳми Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар иқтисоди ҷаҳонӣ бояд аз 2,5% то 4-5% афзоиш ёбад, гуфт муовини вазири рушди иқтисодии Русия Дмитрий Волвач дар Форуми IV сарони минтақаҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай. (СҲШ).
Ба гуфтаи ӯ, тиҷорати Иттиҳодия бо хориҷ як раванди бузургтар аз тиҷорати мутақобилаи кишварҳои узви ИИАО мебошад.
"Ин як вазифаи ҷаҳонӣ аст ва мо дар бораи маҷмӯи кишварҳое, ки ҳоло вуҷуд доранд, гап мезанем. Ҳоло мо дар бораи васеъ кардани иттиҳодия гуфтугӯ дорем. Маълум аст, ки пас аз он вазифаҳо тағйир меёбанд”, - шарҳ дод муовини вазири Русия.
Волвач қайд кард, ки дар тӯли 10 соли мавҷудияти ИИАО ҳаҷми тиҷорати мутақобилаи кишварҳои иттиҳод ду баробар афзоиш ёфтааст.
Волвач: Дар тӯли 10 сол ҳаҷми савдои мутақобилаи кишварҳои ИИАО ду баробар афзоиш ёфт
“Зарур аст, ки насли нави коршиносон дар мавзӯъҳои ИИАО тарбия карда шаванд ва имконоти муколама оид ба рушди равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё густариш ёбанд”, -гуфт ӯ.
Вай илова кард, имрӯз ИИАО дар арафаи гузаштан ба марҳилаи нави ҳамкориҳои ҳамгироӣ қарор дорад, ки ба гуфтаи коршиносон бо ҳадафҳои дарозмуддати рушди муштарак асос ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Форуми IV сарони минтақаҳои кишварҳои узви СҲШ, ки аз 17 то 19 сентябр дар Омск ҷараён дорад, ҳудуди 500 нафар ширкат мекунанд. Ба ин чорабинӣ намояндагони 14 вилояти Русия ва 11 кишвари хориҷӣ ширкат доранд.