Зарбаи мушакии артиши Русия ба фурудгоҳҳои Украина

Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки ба иншооти энергетикӣ ва зербиноҳои фурудгоҳи Украина зарбаи мушакӣ зада шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Артиши Русия ба фурудгоҳи Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом дод,иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифоъ.
"Нерӯҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин, ба иншооти энергетикие, ки фаъолияти кулли бахши низомию саноатии Украина кумак мекунанд, зербиноҳои фурудгоҳҳо, аз ҷумла сехи васлкунии ҳавопаймоҳои бесарнишин, ва аккумуляторҳо, сарбозон ва техникаи ҳарбии душман дар 138 минтақа зарба заданд ", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Системаҳои дифоъ ҳавоӣ 13 мушаки америкоии ХИМАРС ва 66 паҳподи ҳавопаймошаклро нобуд карданд.
Расонаҳои Украина ахиран аз таркишҳо дар Киев, канори шаҳрҳои Днепропетровск, вилоятҳои Сума, Киев ва Полтава ва ҳамчунин Кропивнитский хабар дод.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия талафоти артиши Украина дар Курскро эълон кард
Раҳбарони вилоятии Сума изхор намуданд, ки ба объектхои энергетики хамла оварда шудааст.
Аз октябри соли 2022 артиши Русия дар саросари Украина ба иншооти энергетикӣ, саноати дифоъӣ, фармондеҳии низомӣ ва коммуникатсия ҳамла мекунад. Тавре сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков таъкид кард, нирӯҳо ба биноҳои истиқоматӣ ё инфрасохтори иҷтимоӣ ҳамла намекунанд.